АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН

ҲАМКОРИИ ОЯНДАСОЗ
БАҲРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Search
Close this search box.

Баргузории вохурии соҳибкорони вилояти Хатлон бо сармоягузорони Ҷумҳурии Корея.

Дар доираи фаъолияти  «Маркази мусоидат ба савдо ва содирот»-и Ассотсиатсияи Сохибкорони Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, вохурии соҳибкорони Ҷумҳурии Кореяро бо истехсолкунандагон ва коркардчиёни маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлонро бо формати […]

Ҷаласаи корӣ

Ҷаласаи кории якҷояи роҳбарияти Лоиҳаи USAID Оид ба Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон нисбати ворид намудани стандартҳо дар корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва нақшаи фаъолиятҳои Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон баргузор гардид.

Семинар– омӯзиш оиди ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ

Дар таърихи 30.03.2020 дар тарабхонаи “Орзу” бо иштироки намояндагони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзие, ки ворид намудани системаи низоми идоракунии сифат рафта истодааст, кормандон ва аъзоёни Ассотсиатсия  соҳибкорони Хатлон семинар – омӯзиш дар мавзӯъи “Барномаи шартҳои аввал” шуда гузашт. Семинар аз тарафи мушовири АСХ оид ба ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ Тилавова Фарзона, мутахассиси АСХ оид ба […]

Маълумот оиди Тарбуз

Тарқиби тарбуз асосан аз об иборат буда, он тахмин 92 фоизи онро ташкил мекунад, дар айни замон он миқдори зиёди маводҳои ғизоиро дорост. Ҳамчунин бой аз витаминҳои A, B6 ва C, ликопен, антиоксидантҳо ва аминокислотаҳо аст. Ҳатто миқдори ками калий ҳам мавчуд мебошад. Ғайр аз он, он равған надорад ва сатҳи натрий хеле паст аст. […]

Вохурии шарикони Занҷираи Арзиш

Дар таърихи 26.06.2020 дар тарабхонаи “Орзу” – и шаҳри Бохтар, вохурии шарикони Занҷираи Арзиши Иловашуда, бо мақсади ворид намудани системаи низоми идораи талаботҳои стандартии сифат дар истеҳсоли маҳсулотҳо дар корхонаҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Дар кори чорабини корхонаҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, фермерон – истеҳсолкунандагони ашёи хом барои корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндаи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон, намояндагони […]

Талаботи бозори содиротӣ

Талаботи воридот аз кишвар ба кишвар фарқ мекунад. Бинобар ин, дар қисми зерин муълумоти умумӣ пешниҳод шудааст, ки ҳангоми содироти тарбуз ба назар гирифтан зарур аст, аз ҷумла: Ҷамъоварии дурусти ҳосили тарбузПухта расидан (Созревание) ва ҷамъоварӣ– Одатан, ҳангоми аз сафед ба ранги зард бубаддал шудани қисмати поёнии тарбуз ва ҳадди аққал се гул дар ҳар […]

Соҳибкорону шарикони гироми,

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аъзоён ва ҳамкорони Ассотсиатсияи Соҳибкорони вилояти Хатлон, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси навбатии роҳбари давлат ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар ин давраи мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии […]