Тарқиби тарбуз асосан аз об иборат буда, он тахмин 92 фоизи онро ташкил мекунад, дар айни замон он миқдори зиёди маводҳои ғизоиро дорост. Ҳамчунин бой аз витаминҳои A, B6 ва C, ликопен, антиоксидантҳо ва аминокислотаҳо аст. Ҳатто миқдори ками калий ҳам мавчуд мебошад. Ғайр аз он, он равған надорад ва сатҳи натрий хеле паст аст. Як пиёлаи 40 калория дорад.
Зиёда аз 50 навъи тарбуз мавҷуд аст, аммо дар байни онҳо тафовути бузурге нест.
Дар вилояти Хатлон тарбуз ба таври оммавӣ парвариш карда мешавад. Навъи маъмултарини он Crimson Sweet мебошад. Ҳосилнокӣ баланд аст – 10 кг / м2. Он зуд пухта мерасад ва ҳамчун растании барвақтӣ ҳисобида мешавад. Ба хокҳои хушк тобовар аст.