Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аъзоён ва ҳамкорони Ассотсиатсияи Соҳибкорони вилояти Хатлон, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси навбатии роҳбари давлат ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар ин давраи мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд.
Боварии комил дорем, ки амали мазкур руҳияи соҳибкорон ва шаҳрвандони кишварро баланд гардонида, баҳри пешравии кишвари азизамон мусоидат менамояд.