Маҳсулоти барвақтии вилояти Хатлон барои содирот
Дар доираи ҳамкорӣ бо барномаи таъсиси ҷойҳои корӣ ва савдои USAID аъзоён ва ҳамкорони Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон тарбузи нави барвақтро парвариш намуда онро тибқи талаботи байналмилалӣ содирот намуданд.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:– барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;– […]
Дастраси барои манбаҳои молиявӣ
Вохӯрии мутахасиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон мушовир оид ба бизнес дар хоҷагии деҳқонии “Изат”-и ноҳияи Вахш бо мақсади дастраси ба манбаҳои молиявӣ аз он ҷумла лоиҳаи гранти бо роҳбарият ва мутахасисони хоҷаги доир гардид. Дар ин вохӯри бо роҳбарият ва мутахасисони хоҷаги нақшаи тиҷорати барои парвариши қулфинаи навъҳои нав дар гармхонаҳои замонавӣ тартиб дода шуд.
ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН БА МУНОСИБАТИ 75-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА!
Ҳамдиёрони азиз! Собиқадорони гиромиқадр! Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда қарор дорад. Имрӯз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон аз 75-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол менамояд. Бо самимият […]