Ҳамдиёрони азиз!

Собиқадорони гиромиқадр!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда қарор дорад.

Имрӯз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон аз 75-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол менамояд.

Бо самимият ҳамагонро бо 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва музаффариятҳо таманно дорам.

Иди Ғалаба муборак, Ҳамдиёрон ва Собиқадорони гиромиқадр!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *