Санаи 17 майи соли 2023 бо ташаббуси  Шўрои машваратии рушди соњибкории вилояти Хатлон, дар Ассотсиатсияи истехсолкунандагони «Дехаи ман»-и шањри Бохтар, дар доираи ҳафтаи содироти  Форуми Бохтар Фуд – 2023 бо сохибкорони вилоят вохурии маќсаднок доир гардид. Њадаф аз баргузории чамъомади мазкур ичрои раванди тавсияњои муколамаи давлат ва бахши хусусї дар самти содироти мањсулоти кишоварзии вилоят мебошад.

Дар љамъомади мазкур намояндагони сохтору идорањои масъули давлатї, иттињодияњои соњбкорони вилоят, содиротчиён ва барномањои шарикони рушд иштирок намуданд. Дар рафти муколаммаи мазкур масъалаву мушкилоти соњибкорони вилоят дар самти содироти мањсулоти кишоварзї, имкониятњои мављуда ва рафти иљрои тавсияњои Шўрои машваратии рушди соњибкории вилояти Хатлон дар самти рушди содирот баррасї гардиданд.

Дар назар аст, ки натиљаи мубоњисањо ва пешнињодоти маќомоти давлатї ва соњибкорон дар самти рушди содирот дар рафти Форуми Бохтар Фуд – 2023 муаррифї ва ќабул мегарданд.

Ба љамъомад намояндагони Ассосиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии  Тоқикистон “ABBAT”, хадамоти гумрук, намояндагони роњи оњани Тољикистон, даъват гардида вобаста ба имкониятњои логистики на наќлиёт ба соњибкорон маълумоти муфассал доданд.

Маълумот дода шуд, ки чорабинии мазкур аз љониби Ассотсиатсияи соњибкорони вилоят, намояндагии Агентии содирот дар вилоят, палатаи савдо ва саноат дар њамкорї ва дастгирии шарикони рушд, алалхусус барномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба бехтар кардани шароити некуахволии мардум дар манотики марзӣ (LITACA III) ба амал оварда шудааст.

Дар љамъомад намояндаи лоиха Ҷамшед Машокиров иштирок ва баромад намуда,аз чумла кайд кард,ки лоихаи мазкур тасмим гирифтааст,ки бо максади беҳтар намудани дастрасии аҳолии наздисарҳадӣ ба зерсохторхои дехот хизматрасонихои ҷамъиятӣ,баркарор намудани имкониятхои шугли мардум ва занон,таъмин намудани махсулот дар бозорхои дохилӣ ва хоричи барои беҳтар кардани дастрасӣ ба савдои наздисарҳадӣ, муколама ва шарикие,ки бехтар шудани шароити иктисоди ва устувории чомеа дар минтакахои наздисарҳадӣ назарсанчӣ гузаронанд.

Аз љониби намояндагони барномаи мазкур ќайд карда шуд, ки сармоягузорӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодии вилояти Хатлон буда, барои татбиқи бомуваффақият ва саривақтии барномаи рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин замина њавасмандгардонии сармоягузорӣ бо сиёсати иқтисодии ҳукумат, бахусус ҳадафҳо ва афзалиятҳои он ва афзалиятҳои рақобатии кишвар, ки ба ҷараёни сармоягузории зарурии мустақими хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳои стратегии рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад, хеле зич алоқаманд аст.