18 феврали соли 2022 дар доираи лоиҳаи  USAID  оид ба «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» (БНРАТ) Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон дар шахри  Бохтар семинари «Стандартҳои содиротӣ” ташкил карда шуд. Семинар мавзӯи талаботҳои мамлакатҳои воридкунандаро дар занҷираи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрока ва талабот ба корхонаҳоро  фаро гирифт.

Лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз тарафи USAID маблағгузорӣ мешавад. Мақсади асосии лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз мусоидат дар рушди иқтисод дар Тоҷикистон бо роҳи тақвият бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифат ва фурўши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат мебошад. Семинар дар чорчӯбаи вазифаҳо дар соҳаи сертификаткунонӣ , ки мақсади он аз ташкил намудани низоми идоракунии сифату бехатарӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрока дар мувофиқат бо стандартҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ иборат мебошад, баргузор гардид.   

Иштирокдорони семинар намояндагони саноати хӯрокворӣ, шарикони ҳамкор бо лоиҳои «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  буданд.

Тренери семинар коршиноси Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  Фарзона Тилавова буд, ки дорои таҷрибаи кории 20 сола дар соҳаи саноати хӯрокворӣ мебошад. Фарзона Тилавова ҳамчун коршинос дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамояд.

Дар рафти семинар иштирокчиён бо мафҳуми монеаҳои техникӣ шинос шуданд. Гурўҳи маҳдудиятҳое, ки бо мақсади пешгирии воридшавии моли хориҷӣ ба бозори дохилӣ татбиқ мешавад ба монанди стандартҳои миллӣ дигар шартҳои дар кишвар амалкунанда, ҳамчун монеаи техникӣ дониста мешавад. Инчунин монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ вуҷуд доранд. Монеаҳои ғайритарифӣ регламентҳои техникӣ, стандартҳо, санҷишҳо, калибрченкунӣ, сертификатсия, тамғагузорӣ, борҷомакунӣ ва дигар талаботҳоро дар бар мегиранд.

Дар семинари мазкур диққати асосӣ ба ташкилотҳои байналхақии Созишномаи СФС ва стандартҳои Комиссияи Кодекси Алиментариус оид ба бехатарии озуқаворӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвонот оид ба саломатии ҳайвонот ва зоонозҳо ва Конвенсияи байналмилалии ҳифзи растаниҳо (IPPC) дода шуд. Ҳалол, HACCP, GAP, GMP, GHP стандартҳои Комиссияи Codex Alimentarius мебошанд.

Донишҳои ба даст омада имкон хоҳад дод, ки иштирокчиён бо шинос шудан бо қоидаҳои байналмилалӣ ба содирот омода шуда татбиқи онҳоро барои мутобиқати маҳсулоти содиротӣ ба талаботи кишварҳои воридкунанда дар корхонаҳои  худ амалӣ менамоянд ва ба содироти маҳсулоти худ саъю кӯшиш намоянд, ки яке аз мақсадҳои лоиҳа ба шумор меравад .

Вазифаҳое, ки дар давраи на он қадар дур бояд ҳал шаванд, чунинанд:

Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  нақша дорад, ки  ин фаъолиятро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ идома дихад.