25 январи соли 2022 дар доираи лоиҳаи  USAID  оид ба «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» (БНРАТ) Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон дар шахри  Бохтар семинари HACCP – Таҳлили хатар ва нуқтаҳои назорати интиқодӣ ташкил карда шуд. Семинар мавзӯи яке аз низомҳои идоракунии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, яъне НАССРро, ки стандарти Кодекс Алиментриус аст, дар занҷираи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрока ва талабот ба корхонаҳоро  фаро гирифт.

Лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз тарафи USAID маблағгузорӣ мешавад. Мақсади асосии лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз мусоидат дар рушди иқтисод дар Тоҷикистон бо роҳи тақвият бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифат ва фурўши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат мебошад. Семинар дар чорчӯбаи вазифаҳо дар соҳаи сертификаткунонӣ , ки мақсади он аз ташкил намудани низоми идоракунии сифату бехатарӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрока дар мувофиқат бо стандартҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ иборат мебошад, баргузор гардид.   

Иштирокдорони семинар намояндагони саноати хӯрокворӣ, шарикони ҳамкор бо лоиҳои «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  буданд. Дар маҷмӯъ, дар семинар 30 нафар иштирок доштанд.

Тренери семинар коршиноси Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  Фарзона Тилавова буд, ки дорои таҷрибаи кории 20 сола дар соҳаи саноати хӯрокворӣ мебошад. Фарзона Тилавова ҳамчун коршинос дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамояд.

НАССР (Таҳлили хатар ва нуқтаҳои назорати интиқодӣ) низоми идоракунии бехатарӣ аст, махсусан барои истеҳсолкунандагони маводи хӯрокворӣ мақсаднок аст. Ин низом таъмини меъёрҳои бехатарии маҳсулоти хӯроквориро дар раванди истеҳсоли занҷира таъмин мекунад.

Дар семинари мазкур диққати асосӣ ба истехсолоти маҳсулоти хӯрокворӣ, талабот ба корхонаҳо дар истеҳсолоти маҳсулоти хӯрока равона карда шуда буд.

Дар рафти семинар иштирокчиён ҷузъиёти стандарти НАССР, панҷ қадами аввали таҳлили хатарҳо ва нуқтаҳои ҳадди аққалро омӯхтанд, хусусиятҳои ашёи хом ва маҳсулоти тайёрро ҷамъбаст намуданд, оиди ду ҳуҷҷат – Таҳлили Хатарҳо ва Нақшаи таҳлили хатарҳо ва нуқтаҳои ҳадди аққал фикрҳои худро баён намуда ба як хулосаи мушаххас омаданд.  

Донишҳои ба даст омада имкон хоҳад дод, ки иштирокчиён стандарти НАССР ва Барномаи талаботҳои  қаблӣ– ро дар бахшҳои дахлдор амалӣ менамоянд ва ба гирифтани сертификати НАССР саъю кӯшиш намоянд, ки яке аз мақсадҳои лоиҳа ба шумор меравад .

Дар семинар воситаҳои интерактивӣ, таҳлилҳо бо слайдҳо доир ба талаботҳои стандарти НАССР истифода карда шуданд. Иштирокчиён хеле фаъолона дар семинар иштирок намуда талаботҳои асосии Нақшаи таҳлили хатарҳо ва нуқтаҳои ҳадди аққалро азхуд намуданд.

Вазифаҳое, ки дар давраи на он қадар дур бояд ҳал шаванд, чунинанд:

Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон  нақша дорад, ки  ин фаъолиятро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ идома дихад.