26 – уми августи соли 2020 дар бинои маркази логистикии ҶСШК “Комбинати хӯрокворӣ” воқеъ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, чорабинии намоиши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон дар шакли В2В баргӯзор гардид. Дар чорабинии мазкур соҳибкорон, шарикони рушд, сохтору идораҳои масъули давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва дигар тарафҳои ҳавасманд иштирок намуданд.

            Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсия соҳибкорони Хатлон дар ҳамкорӣ бо барномаҳои шарикони рушд бо мақсади муарифии маҳсулотҳои истеҳсолкардаи кишоварзон ва корхонаҳои коркади маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон тариқи ба марзи намоиш гӯзоштани намунаи маҳсулотҳо, пайдоиши робитаи нави ҳамкорӣ бо дигар шарикони занчираи арзиши иловашудаи махсулотхои хочагии кишлок берун аз марзи вилоят, бастани шартномаҳо ва меморандумҳои ҳамкорӣ гӯзаронида шуд.

            Дар баргӯзории чорабинии мазкур Ассотсиатсия Соҳибкорони Хатлонро мақомоти ҳокимияти давлати вилояти Хатлон, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, Ассотсиатсия Агробизнеси Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигар тарафхои хавасманд ҳамроҳӣ намуданд.

Аз руи натиҷаи чорабинӣ 5 меморандуми ҳамкорӣ ва 9 созишномаи хариду фуруши маҳсулоти кишоварзӣ байни Ассотсиатсия соҳибкорони Хатлон, истеҳсолотчиён, корхонаҳои коркард ва содиротии вилояти Хатлон ва соҳибкорони дигар минтақаҳои кишвар ба имзо расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *