Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок, пешниҳоду тавсияҳои аъзоён ва шарикони АСХ, омода намудани стратегия фаъолият ва рушди Асcотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон аз ҷониби лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон мушовири миллӣ барои таҳияи стратегияи мазкур ҷалб гардида буд.

Дар таърихи 20.02.2020 ҷаласаи – омузиши таҳияи стратегияи рушди Ассотсиатсия Соҳибкорони Хатлон баргузор гардид. Кори чорабиниро мушовири миллӣ Бозоров Шавкат пеш бурд. Дар рафти чорабини самтҳои асосии фаъолиятҳои АСХ, мақсад ва вазифаҳо, тартиби аъзошавӣ, сарчашмаҳои даромади АСХ баҳри устуворӣ ва ғайра муҳокима гардида, вазифаҳо баҳри тартиб додани стратегияи чорабини муайян карда шуданд.

Қарор гардид, ки ҷаласаи навбатии аъзоёни АСХ бо мақсади муҳокимаи лоиҳаи стратегияи рушди Ассотсиатсия соҳибкорони Хатлон 3 марти соли 2020 дар утоқи кории АСХ баргузор гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *