Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолиятҳои Ассотсиатсия дар баланд бардоштани манфиати соҳибкорон нақшаи стратегияи рушди Ассотсиатсия соҳибкорони Хатлонро таҳия намудан зарур аст.
               Бо мақсади таҳияи нақшаи стратегии рушди АСХ барои  соли 2020 – 2022 аз тарафи лоиҳаи “Беҳтар намудани рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон” Шавкат Бозоров ҳамчун мушовир ба кор ҷалб гардид. 
               Мушовир дар асоси сӯҳбат ва вохуриҳо бо аъзоён, кормандони АСХ ва соҳибкорон лоиҳаи нақшаи стратегии рушди АСХ барои соли 2020 тартиб дода шуд.

            Лоиҳаи мазкур дар санаҳои 26.03.20 дар ҷаласи кормандон ва аъзоёни АСХ дар иштироки мушовир Шавкат Бозоров мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳадаф, биниш ва мақсади таҳияи нақшаи стратегии рушд мукамал гардонида шуда,  нисбати самтҳои афзалиятнок ва сарчашмаҳои даромад барои устувории лоиҳа пешниҳодҳои мушахас баён гардиданд. Мушовир дар ин асос нақшаи стратегии рушди АСХ – ро мукамал менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *