20 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар бинои Маркази тиҷоратии «Созидание» ҷаласаи гурӯҳи кории техники (ГКТ) – и Тоҷикистон оид ба таҳияи стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Гурӯҳи техникии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва даровардани тағиротҳои зарурӣ ба меъёрҳои стандарти сифати ЕЭК ООН,  ба манфиати содиротчиёни маҳсулоти минтақа, ташкил карда  шудааст.

Гурӯҳи кории техникӣ дар ин самт фаъолиятро пешбурда,  чорабинии мазкурро бо мақсади  дар якҷояги дида баромадан ва мувофиқакунонии фаъолиятҳои анҷомдодаи ГКТ дар ин давра ва муайян намудани қадамҳои оянда, инчунин мувофиқакунони ва тасдиқи нақшаи кории ГКТ барои соли 2020 баргузор намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои пешбурди маҳсулот ва Нишони Ҷугрофӣ,  бехатарии озуқа, таҳияи стандартҳои байналмилалӣ ва нақшаи чорабиниҳо доир ба пешбурди фаъолияти Гурӯҳи кории техникии доимоамалкунандаи Тоҷикистон оид ба таҳияи стандартҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, хулосаи дахдор қабул гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *