Дар моҳи феврал вохурии бо шарикон ва тарафҳои ҳавасманд бо мақсади пайдо намудани робитаи ҳамкорӣ ва муайян намудани мушкилотҳо дар устувор гардидани ҳамкории боэътимод байни шарикони Занҷираи арзиши иловашуда, ниёзи шарикони занҷира ба кумакҳои техникӣ дар ҳар як қитъаи Занҷира идома ёфт. Дар моҳи ҳисоботи дар ноҳияҳои Дусти, Ҷ Балхи, Ҷайҳун ва Қабодиён чорабинии мазкур бо иштироки шарикони занҷира дар лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳои мазкур 247 нафар Намояндагони сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, намояндагони корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, харидорони яклухти маҳсулотҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои фермерии иқтидори тиҷоратидошта, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони АСХ, дастрасткунандагони маводҳои кишоварзӣ.