АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН

ҲАМКОРИИ ОЯНДАСОЗ
БАҲРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Search
Close this search box.

Вохурии Гурӯҳи мақсаднок вобаста ба муайян намудани  мушкилоту монеъаҳо ва  ҷамоварии пешниҳоди соҳибкорон дар самти истехсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, тибқи дастуру супоришҳои ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани  фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Мавзуъ:

Дар рафти вохури вобаста ба муайян намудани мушкилоту монеъаҳо аз тарафи соҳибкорон дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ як чанд фикру андешаҳои ҳалталаб пешниҳод карда шуд ва дар робита ба ин масъала намояндаи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон ҷиҳати бартараф намуданимушкилоти зикргардида ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, ки монеъи рушди соҳа гардидааст ба соҳибкорону дигар иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.