Санаи 16 май соли 2023, бо ташаббуси Шӯрои машвартии рушди соҳибкории вилояти Хатлон, дар муассисаи давлатии ташаккул ва рушди сохибкории Точикистон дар вилоят, дар доираи ҳафтаи содирот чиҳати ичрон нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба баргузории форуми Бохтар Фуд – 2023 бо соҳибкорони минтақаи Бохтар ҷамъомад доир гардид.
Дар вохурии мазкур масъалахои зерин баррасӣ гардидаанд:
- Рафти ичрои қарорди Форуми Бохтар Фуд – 2023 ва пешниходоти он дар самти монеаҳои гендерӣ дар содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят.
- Имкониятҳои истехсолии кишоварзӣ, марказҳои логистикии омодагӣ, ҷамъоварӣ ва яхдонӣ дар вилояти Хатлон барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон.
- Тадқиқот ба густариши муколама ва шарикӣ барои беҳтар кардани дастрасӣ ба тиҷорати фаромарзӣ ва содирот нигаронида шудааст.
Хадаф аз баргузории чамъомади мазкур дар доираи хафтан содирот ва ичрои раванди мукаламаи давлатӣ дар бахши хусуси махсуб ёфта,ин пеш аз хама дар сатҳи баланд доир намудани форуми Бохтар – Фуд-2023 мебошад.
Дар чорабиние, ки сохибкорони вилоят, коршиносони соха ва олимони сохаи кишоварзӣ иштирок доштанд масъалахои хамкорихои дучониба барои содироти махсулоти истехсолкардашуда аз вилоят ба хоричи кишвар мавриди тахлилу баррасй карор гирифт. Зимни баромад иштирочиён қайд намуданд, ки сохибкорои вилоят имкон доранд, ки тавассути ин форум ва ба ин васила махсулоти истехсолшавандаи корхонахои саноати, махсулотхои истехсолнамудаи сохаи кишоварзиро дар натича хамкорихои дучониба ба содирот ба рох монанд. Зеро форуми байналмилали Бохтар Фуд-2022 соли гузашта дар маркази вилоят шахри Бохтар дар сатхи баланд баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар сохибкорони ватанӣ,сохторхои тичоратӣ, намояндагони ташкилотхои хоричи ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ин чамъомад намояндаи лоихаи барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба бехтар кардани шароити некуахволии мардум дар манотики марзӣ Ҷамшед Машокиров иштирок ва баромад намуда,аз чумла кайд гардид,ки лоихаи мазкур тасмим гирифтааст,ки бо максади беҳтар намудани дастрасии аҳолии наздисарҳадӣ ба зерсохторхои дехот хизматрасонихои ҷамъиятӣ, баркарор намудани имкониятхои шугли мардум ва занон,таъмин намудани махсулот дар бозорхои дохилӣ ва хоричи барои беҳтар кардани дастрасӣ ба савдои наздисарҳадӣ, муколама ва шарикие,ки бехтар шудани шароити иктисоди ва устувории чомеа дар минтакахои наздисарҳадӣ назарсанчӣ гузаронанд. Коршиноси милли зикр намуд, ки дар даврони сохибистиклолии мамлакат сохибкорони ватанӣ дар самти истехсоли махсулоти худи ба дастовардхои назаррас ноил гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онхо ба талаботи бозори чахони ракобатпазир бошад, то ин ки содироти бештари онро ба хоричи кишвар ба рох монанд.