АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН

ҲАМКОРИИ ОЯНДАСОЗ
БАҲРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Search
Close this search box.

Баёнияи матбуотӣ

Дар таърихи 24-25 май дар шаҳри Бохтар Форуми байналмиллалии «Бохтар Фуд 2022» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Агентии содироти назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии барномаҳои шарикони рушд ба амал оварда шудааст.

Дар Форум намояндагони бахши соҳибкорӣ, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар тарафҳои ҳавасманд иштирок менамоянд. Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат намудан ба раванди истеҳсолу рушди содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон мебошад.

Соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд ва таъсирбахш гаштани Форуми мазкур, дар доираи муколламаи давлат ва бахши хусусӣ дар вилояти Хатлон, тибқи ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии рушди соҳибкорӣ ва сармоягузории назди расиси вилояти Хатлон, Гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби мутахасиссони таҷрибадори сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳҳои корӣ дар рафти вохурҳои мақсаднок бо ҷалби соҳибкорон мушкилоту монеъаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии вилоятро омухта, пешниҳодоти мушаххас барои бартараф намудани монеъаҳо ва рушди содирот дар вилоят таклиф намуданд. Пешниҳодоти мутахассиони соҳа дар рафти Форуми «Бохтар Фуд 2022» муаррифӣ гашта, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ барои қабули нақаша-чорабиниҳои амалӣ дар сатҳи вилоят баррасӣ мегарданд.