17 феврали соли 2022 дар доираи лоиҳаи USAID оид ба «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» (БНРАТ) Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон дар шахри Бохтар семинари «Стандартҳои ИСО” ташкил карда шуд. Семинар мавзӯи яке аз низомҳои идоракунии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, яъне ИСО 22000–ро, ки стандарти ташкилоти Байналхалқии ИСО аст, дар занҷираи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрока ва талабот ба корхонаҳоро фаро гирифт.
Лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз тарафи USAID маблағгузорӣ мешавад. Мақсади асосии лоихаи «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» аз мусоидат дар рушди иқтисод дар Тоҷикистон бо роҳи тақвият бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифат ва фурўши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат мебошад. Семинар дар чорчӯбаи вазифаҳо дар соҳаи сертификаткунонӣ , ки мақсади он аз ташкил намудани низоми идоракунии сифату бехатарӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрока дар мувофиқат бо стандартҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ иборат мебошад, баргузор гардид.
Иштирокдорони семинар намояндагони саноати хӯрокворӣ, шарикони ҳамкор бо лоиҳои «Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон буданд.
Тренери семинар коршиноси Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон Фарзона Тилавова буд, ки дорои таҷрибаи кории 20 сола дар соҳаи саноати хӯрокворӣ мебошад. Фарзона Тилавова ҳамчун коршинос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамояд.
ИСО 22000 як усули идоркунии корхона мебошад, ки аз ҷониби саноати хӯрокворӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти истеҳсолшуда истифода мешавад. Ин усул муносибати низомнокро ба раванди истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, муайян кардани омилҳои эҳтимолии хатари пайдоиши кимиёвӣ, физикӣ ва биологӣ, таҳлил ва назорати онҳоро муайян мекунад.
.
Дар семинари мазкур диққати асосӣ ба истехсолоти маҳсулоти хӯрокворӣ, талабот ба корхонаҳо дар истеҳсолоти маҳсулоти хӯрока равона карда шуда буд.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо аҳамияти бехатарии хӯрокворӣ , равишҳои татбиқи стандартҳои ИСО оид ба бехатарии ғизо, бо талаботи сертификатсия шинос шуданд.
Донишҳои ба даст омада имкон хоҳад дод, ки иштирокчиён принсипҳои стандарти ИСО-ро дар корхонаҳои худ амалӣ менамоянд ва ба гирифтани сертификати ИСО саъю кӯшиш намоянд, ки яке аз мақсадҳои лоиҳа ба шумор меравад .
Вазифаҳое, ки дар давраи на он қадар дур бояд ҳал шаванд, чунинанд:
- Беҳтар намудани сатҳи Бехатарии Маҳсулоти Хӯрока дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Зиёд гардондани қудрату малакаҳо дар соҳаи Бехатарии Маҳсулоти Хӯрокворӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Баланд бардоштани таҷрибаю малакаҳои мутахассисони миллӣ ва кормандони корхонаҳо оиди стандартҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
- Беҳтар тайёр намудани корхонаҳои тоҷик оиди коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ барои содирот намудани маҳсулот ба мамлакатҳои дуру наздик
- Васеъ намудани дастрасии бозорҳои байналхалқӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ аз Тоҷикистон
- Баррасӣ намудани маълумот ба ташкилотҳои дахлдор оиди фоидаҳои Низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамчун чораҳои худсанҷишӣ барои таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.
Ассотсиатсияи Соҳибкорони Хатлон нақша дорад, ки ин фаъолиятро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ идома дихад.