АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН

ҲАМКОРИИ ОЯНДАСОЗ
БАҲРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Search
Close this search box.

Дӯстон ва кулли соҳибкорону кишоварзони мамлакат ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишвари офтобиамонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният намуда, қайд гардид, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато намудааст. Аҷдодони шарафманди мо бо хираду фаросати азалии худ ин ҷашни зебои табиатро бо беҳтарин расму оин ва маросимҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст». Дар ҳақиқат Наврӯз ваҳдати зиндагии инсонро бо табиат, пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон дар худ таҷассум менамояд. Зери истилоҳи Наврӯз ғояҳои ғании умумибашарӣ, аз қабили муносибати дилсӯзона ба замин, ҳаво, обу оташ ва умуман дигар муқаддасоти табиату ҷомеа нуҳуфтааст. Фарҳанги ғаниву волои Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат аст.

Бо камоли эҳтиром,

Кормандони Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон.