Вохурии мақсаднок вобаста ба муарифии нақшаи чорабиниҳои рушди кластери дар самти истехсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, тибқи дастуру супоришҳои ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.
- Муарифии натиҷаи пурсиши гуруҳҳои мақсаднок.
- Муҳокима намудани пешниҳодоти нақшаи чорабиниҳо дар самти рушди кластери дар вилояти Хатлон.
Кластери кишоварзӣ – иттиҳоди ширкатҳое мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд, ки ба рушди умуми ва афзоиши рақобатпазирии ҳар яки онҳо мусоидат мекунанд ( https://agroperspectiva.com.ua/ru/chto-takoe-agroklastery/ #agroclustery-dly-Ukraine )
Мақсади ташкили агрокластерҳо : ҳамкории муштарак дар доираи занҷири арзиш бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо ва ба даст овардани ҳадди аксар аз ҷониби иштирокчиёни агрокластер мебошад
Намунаи оддии агрокластери рушди паррандапарварӣ: корхонаҳои паррандапарварӣ, инкубаторҳо, хоҷагиҳои хӯроки чорво, ширкатҳои таъминкунандаи маводи истеҳсолӣ (тухмӣ, нуриҳо ва ғ.), корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехта, корхонаҳои коркарди маҳсулоти парранда. , марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ/лабораторияҳо, инфрасохтор: роҳҳо, марказҳои логистикӣ, ширкатҳои маркетингӣ ва фурӯш, таълим ва омӯзиш, инноватсия ва тадқиқот, робита бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (қарзҳо, имтиёзҳо ва ғ.)
Афзалиятҳои ташкили агро–кластерхо
- Сарфаи захираҳо тавассути кам кардани хароҷот ва фоида барои иштирокчиён
- Дастрасӣ ба манбахои истехсоли босифат
- Дастрасӣ ба инфрасохтор
- Дастрасӣ ба маълумоти илми–тадқиқотӣ
- Дастрасӣ ба кадрҳои соҳибихтисос
- Дастрасӣ ба бозорҳои фуруш
- Тараккиёти комплексии минтакахо
- Таъсиси ҷойҳои корӣ
Баъзе хатарҳое, ки бо фаъолияти агрокластерҳо алоқаманданд
- Хароҷоти баланди оғозёбӣ, зарурати банақшагирии дарозмуддат ва бозгашти дарозмуддати сармоягузорӣ
- Мавҷудияти хатарҳои баланд (аргоиқлимӣ, саноатӣ (бемориҳо, эпидемияҳо ва ғ.), тағирёбии нархҳо, тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва ғ.)
- Агрокластерҳои вобаста ба як намуди маҳсулот метавонанд дар сурати коҳиш ёфтани талабот (аз даст додани бозорҳои содиротӣ, рақобат, коҳиши истеъмол ва ғайра) зарар диданд.
- Хароҷоти иловагӣ барои азнавсозии истеҳсолот ҳангоми тағир додани профили истеҳсолот
- Рохи халл : диверсификатсияи бозорҳои истеҳсол ва фурӯш, мавҷудияти системаи пурқуввати мониторинги бозорҳои фурӯш бо мақсади саривақт арзёбии хатарҳо ва андешидани чораҳои ислоҳӣ
- Таъсири тағирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ
- Рохи халл: сари вақт ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо бо мақсади кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории ҳосилхезӣ ( CSA, CA , коркарди сифрӣ, обёрии қатрагӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (панелҳои офтобӣ ва турбинаҳои шамолӣ ) ва ғ.)
- Истифодаи принсипи Нишони ҷуғрофӣ дар маркетинги маҳсулот (ҳифзи бренд, кафолати сифат, системаи пайгирии маҳсулот, нархи мукофотӣ, кафолати фурӯш ва ғ.)