АССОТСИАТСИЯИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН

ҲАМКОРИИ ОЯНДАСОЗ
БАҲРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Search
Close this search box.

Дар доираи чорабиниҳои Форум, аз 15 то 23 май дар шаҳри Бохтар баргузории “Ҳафтаи содирот” бо мақсади ташкили вохӯриҳо ва муҳокимаҳо бо соҳибкорон ва содиркунандагон пешбинӣ гардида, дар доираи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ баргузории як силсила вохӯриҳои иттилоотӣ, тренингҳо ва гурӯҳҳои максаднок дар шакли (G2В) ҷиҳати муайян намудани мушкилот дар раванди истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.

Мақсад аз баргузории ҷаласаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, мубоҳисаҳо ва омузишҳо ин густариши донишу таҷрибаи содиркунандагон ва расонидани кумаки ҳамаҷонибаи машваратӣ ба онҳо дар пешбурди содирот мебошад. Натиҷаи нишастҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ва пешниҳодоти раванди муколамма дар ҷаласаҳои панелии Форуми “Бохтар Фуд-2023” муаррифӣ шуда дар Резолютсияи Форум қайд мегарданд. Ҳамзамон Резолютсияи мазкур ба Шўрои машваратӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд барои корбарӣ ва мусоидат равон карда мешавад.

Барои татбиқи ташаббуси мазкур оид ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, Котиботи Шӯрои машваратӣ ба барномаҳои шарикони рушд ва Иттиҳодияҳои соҳибкорон ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ва машваратӣ дар амалӣ намудани ташаббуси мазкур, вохуриҳо гузаронида дар ин замина ҳамкории судманд ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳмандии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин муайян кардани мушкилоти асосӣ дар раванди истеҳсолот ва содирот, баргузории ҷаласаҳои иттилоотӣ ва майдончаҳои мубоҳисавӣ дар мавзӯъҳои зерин ба накша гирифта шудааст:

  1. Баррасии рафти иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳои нақшаи чорабиниҳои содиротии Хатлон , таҳлили рафти иҷрои қарори «Бохтар Фуд-2022 »
  2. Тадқиқот ба густариши муколама ва шарикӣ барои беҳтар кардани дастрасӣ ба тиҷорати фаромарзӣ ва содирот нигаронида шудааст.
  3. Имкониятҳои логистикаи нақлиётӣ ва роҳи оҳани маҳсулоти кишоварзии содиршаванда. Тартиби содирот (ҳуҷҷатгузорӣ) ва қоидаҳои гумрукӣ барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон.
  4. Имкониятҳои марказҳои логистикии омодагӣ, ҷамъоварӣ ва нигохдори дар вилояти Хатлон барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон.
  5. Имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, платформаҳои электронӣ ва равиши кластерӣ барои беҳтар намудани истеҳсолот, коркард ва фурӯши (содироти) маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон .

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон гузаронидани тренингҳои (семинарҳои) 1-рӯза дар мавзӯъҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  1. Талабот ба андозагирӣ, бастабандӣ, тамғагузорӣ ва тамғагузории маҳсулоти содиротӣ. Пешбурди хидматҳо ва маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон тавассути платформаҳои электронӣ, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
  2. Кам кардани таъсир ба муҳити зист тавассути истифодаи технологияҳои каммасраф (сабз) ва идоракунии партовҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ.
  3. Истифодаи самараноки захираҳо ва энергия, таҷрибаҳои устувори истеҳсол ва истеъмол барои истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ
  4. Системаи идоракунии муҳити зист мутобиқи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 барои корхонаҳои бахши агробизнес.
  5. Банақшагирии стратегӣ ва сармоягузорӣ дар истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ .
  6. Бехатарии озуқаворӣ ва идоракунии хавфҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ.
  7. Системаи идоракунии амнияти озуқаворӣ мутобиқи стандарти байналмилалии ISO 22000:2018 барои корхонаҳои бахши агробизнес.